Ссылки доступа

СММ гуфт, шумори гурезаҳои Украина ба 2 млн расид


Филиппо Гранди, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон 8 март дар Твиттер хабар дод, ки шумори гурезаҳои Украина аз оғози ҳамлаи Русия ба ду миллион нафар расид.

Ҳамлаи Русия ба Украина ҳудуди ду ҳафта пеш оғоз шуд. Дар ин давра наздики 900 ҳазор шаҳрванди Украина ба Лаҳистон паноҳ бурда, 150 ҳазор тани дигар ба Маҷористон рафтаанд. Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, метавонад аз 2,5 то 6,5 миллион гурезаи украиниро қабул кунад.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Украина, дар давоми як шабонарӯзи ахир танҳо аз минтақаҳои ғарбӣ 132 ҳазор шаҳрванд кишварро тарк кардааст.

XS
SM
MD
LG