Ссылки доступа

Дар Бишкек зидди ҷанг тазоҳурот карданд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон таҳти унвони "Сулҳ! Март! Роҳпаймоӣ!" баргузор шуд, ки иштирокдорони он ба ҳамраъйии занон зидди ҷанг дар Украина ва кишварҳои дигар даъват карданд

Ҳамоҳангсози роҳпаймоӣ Алтин Капалова дар суханронияш гуфт, ҷангҳои муосир дар Югославия, Ироқ, Яман, Либия, Сурия, Афғонистон ва Украина исбот мекунанд, ки дар "тақсимоти императории ҷаҳон тарафи пешрафтае вуҷуд дошта наметавонад".

"Мо шоҳиди он мешавем, ки чи гуна зери парчами "озодсозӣ ва ҳимояти занон ҷангҳо оғоз мешаванд ва дар натиҷаи онҳо худи занону кудакон гурусна мемонанд, мемиранд, наздикони худро аз даст медиҳанд ва аз хонаҳояшон дур мешаванд", - афзуд Капалова.

Кормандони пулис пеш аз оғози роҳпаймоӣ аз иштирокдорон талаб карданд, ки лавҳаҳои дорои шиорҳои сиёсӣ ё парчамҳои Украина ва Русияро дар даст нагиранд. "Қирғизистон мавқеи бетарафиро пеш мегирад", - изҳор дошт яке аз маъмурони пулис.

Пештар дар назди сафорати Русия дар Бишкек бо талаби қатъи ҳамлаҳо ба Украина тазоҳурот баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG