Ссылки доступа

Тоқаев: Қазоқистон омодааст, ба Украина кумаки башардӯстона кунад


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар як суҳбати телефонӣ бо ҳамтои олмониаш Франк-Валтер Штайнмайер гуфтааст, Нурсултон омодааст, ба Украина кумаки башардӯстона кунад.

"Қазоқистон омодааст, ба шаҳрвандони Украина лавозимоти тиббӣ ва ашёи дигари заруриро кумак кунад. Дар ҳоли ҳозир масъалаи бо кадом роҳ интиқол додани кумакҳо баррасӣ мешавад", - омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии президент Тоқаев.

Тоқаев дар суҳбат бо президенти Олмон бори дигар ба ҳалли дипломатии низоъ миёни Украина ва Русия даъват кардааст.

"Ҳамаи кишварҳо бояд меъёр ва усули Ойиномаи СММ-ро қотеона риоя кунанд. Буҳрони Украина хеле печида аст, аммо барои ҳалли мусолиматомези низоъ бояд имкониятҳои нави дипломатӣ ҷустуҷӯ карда шавад", - изҳор доштааст Президенти Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG