Ссылки доступа

Сафири Украина аз ҳукумати Узбекистон даъват кард, телевизионҳои русиягароро бандад


Микола Дорошенко, сафири Украина дар Узбекистон аз вазорати корҳои хориҷии Узбекистон даъват кардааст, "шабакаҳои телевизиониеро банданд, ки дар бораи ҷанг дар Украина дурӯғпароканӣ мекунанд".

Дар ин бора сафир дар мусоҳиба бо нашрияи Yep.uz изҳори назар карда буд.

Марина Козлова, хабарнигори сомонаи Yep.uz гуфт, Маркази масоили расонаҳои Оҷонси иттилоот ва ахбори омми Узбекистон аз сомона талаб кардааст, ки "мусоҳиба бо сафири Украинаро пок кунад".

Маркази масоили расонаҳо гуфтааст, дар мусоҳиба гӯиё аксу наворе ҷо дорад, ки тарғиби хушунат мекунанд.

Микола Дорошенко, сафири Украина дар мусоҳибааш гуфт, ки дар Узбекистон дар бораи фоҷиаи башарии Украина воқеиятро ба таври бояду шояд инъикос намекунанд ва афкори иҷтимоӣ тавассути расонаҳои Русия шакл мегирад. Сафир гуфт, дар ин бора ба вазорати корҳои хориҷии Узбекистон муроҷиат кардааст.

"Мо аз вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хоҳиш кардем, телевизионҳоеро банданд, ки дар бораи ҷанг дар Украина дурӯғпароканӣ мекунанд", - гуфт Дорошенко.

XS
SM
MD
LG