Ссылки доступа

Ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби мухолифон ва вазъи Бадахшон танқид карданд


Дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид мақомоти Тоҷикистонро барои "идомаи саркӯби мухолифини сиёсӣ" ва "эҷоди фазои тарс" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танқид карданд.

Мишел Бачелет, комиссари олии СММ дар мавриди ҳуқуқи башар, рӯзи 7-уми март дар иҷлосияи 49-ум гуфт, "шумораи зиёди намояндагони мухолифин дар мурофиаҳое, ки ба меъёрҳо мувофиқ нестанд, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд."

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин изҳорот вокунише накардаанд, аммо дар гузашта ҳабси мухолифони сиёсии худро рад карда, ҳамагуна ҳукми додгоҳҳоро холисона номидаанд. Ҳарчанд дар дохили кишвар низ шубҳаҳо ба бетарафии додрасҳо боқист.

Комиссари олии Созмони Милал ҳамзамон гуфтааст, даргирии миёни нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон вазъи ҳуқуқи башарро "ба таври қобили мулоҳиза коста, фазои тарсу саркӯбро ба вуҷуд овардааст."

Хонум Мишел Бачелет гуфтааст, "ман аз идомаи қатъи дастрасӣ ба Интернет дар вилоят ибрози таассуф мекунам. Чунин бархӯрд ҳуқуқи одамонро ба таври ошкоро поймол мекунад."

Сокинони шаҳри Хоруғ ва атрофи он аз моҳи ноябри соли гузашта то кунун аз Интернет маҳруманд. Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳи январи имсол дар бораи сабабҳои набудани интернет дар минтақа посухи рӯшан надоданд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси ин идора, гуфта буд, “барои пешгирӣ намудан, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат, амнияти иттилоотӣ, баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронда мешавад.”

Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз тазоҳуроти чаҳоррӯза дар моҳи ноябри соли 2021, ки дар пайи кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифт, печида шудааст.

Намояндагони Додситонии ҳарбӣ мегӯянд, рӯйдоди чаҳор моҳ пешро таҳқиқ доранд, аммо сокинон аз набудани Интернет, фишори афзоянда, теъдоди зиёди низомиён ва эҳтимоли баргузории амалиёт нигаронанд.

XS
SM
MD
LG