Бонкҳои Русия аз ҳаққи фурӯши асъори нақд ба шаҳрвандон маҳрум шуда, ба муштариҳояшон иҷоза медиҳанд, ки аз суратҳисобҳои бонкӣ на бештар аз 10 ҳазор доллар бигиранд. Маблағи боқимондаро бояд бо рубли русӣ дарёфт кунанд.
Ин тартиб, ба иттилои Бонки марказии Русия, муваққатӣ буда, аз 9 март то 9 сентябр - шаш моҳ давом мекунад.
Дар хабари Бонки марказӣ омадааст, ки маблағи муштариҳо дар суратҳисобҳои бонкӣ ҳифз хоҳад шуд, аммо дастрасӣ ба онҳо дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар маҳдуд мегардад. "Бонкҳо иҷоза надоранд, ки дар ин муддат ба шаҳрвандон асъори нақд фурӯшанд", - омадааст дар хабари Бонки марказии Русия. Аммо табодули асъори хориҷӣ ба рубли русӣ монеаи надорад.
Рӯзи сешанбеи 8 март ИМА нисбати Русия таҳримҳо нав ҷорӣ ва аз ҷумла воридоти нафтро манъ кард. Дирӯз ҳамчунин чанд ширкати бузург эълом карданд, ки фаъолияташонро дар Русия қатъ мекунанд.