Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон масъалаи танзими баҳси Қумтор бо Centerra-ро баррасӣ мекунад


Порлумони Қирғизистон масъалаи танзими баҳси кони тилои Қумторро бо ширкати канадагии Centerra Gold Inc.-ро имрӯз - 9 март баррасӣ мекунад.

Ин масъала пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад.

Аз кони тилои Қумтор, ки калонтарин кони тилои он кишвар аст, солона то 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ин конро то чанде пеш ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекард ва Қирғизистон 26 дарсад саҳм дошт.

Дар соли 2021 ҳукумати Қирғизистон дар ширкат мудирияти берунӣ ҷорӣ кард. Баъди он ширкати канадагӣ ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурд.

XS
SM
MD
LG