Ссылки доступа

Олмон ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангии Русияро таҳқиқ мекунад


Додситонии федеролии Олмон ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангии Русияро дар ҳудуди Украина таҳқиқ мекунад.

Ба иттилои оҷонси хабарии dpa, додситонӣ дар бораи ҷиноятҳои содиркардаи Русия иттилоъ дорад ва ин эҳтимол ҳам мавҷуд аст, ки ҷиноятҳо афзоиш хоҳанд ёфт.

Бино ба кодекси ҷиноии байналхалқӣ, додситонии федеролӣ ё кулли ҳар кадом кишваре метавонад, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят зидди башариятро дар саросари дуён таҳқиқ кунад.

Русия бо фармони президенти он кишвар Владимир Путин рӯзи 24 феврал ба Украина ҳамла кард. Ба иттилои СММ, дар ин муддат 2 миллион сокини Украина фирор кардааст. Аз ин теъдод наздики 900 ҳазор ба Лаҳистон, 150 ҳазор ба Маҷористон рафтаанд. Иттиҳоди Аврупо мунтазир аст, ки аз 2,5 то 6,5 миллион фирории Украинаро пазирад.

Додгоҳи байналхалқии СММ дар Гаага рӯзи душанбеи 7 март ба баррасии шикояти Украина зидди Русия пардохт. Киев Москваро дар тафсири нодурусти конвенсияи байналхалқӣ дар бораи қатли ом ё наслкушӣ айбдор мекунад. Украина гуфтааст, Русия бо истифода аз тафсири ғалат аз қатли ом ба Украина ҳамла кардааст.

Путин барои шарҳи ҳаводиси Донбасси Украина борҳо аз мафҳуми "наслкушӣ" истифода бурдааст.

XS
SM
MD
LG