Ссылки доступа

Москва гуфт, ҳукумати Украинаро сарнагун карданӣ нест


Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ҳадафи Москва сарнагун кардани ҳукумати Украина нест.

Ба гуфтаи Захарова, ҳадафи ҷанг ҳимояти ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Донбасс аст, ки Москва истиқлоли онҳоро аз Украина эътироф кардааст. Намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия афзуд, ки Украинаро ғасб ё ҳокимияти онро сарнагун карданӣ нестанд.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков 7 март гуфта буд, ки Москва дар гуфтугӯҳои сулҳ аз Киев талаб дорад, то аз даъвои Қрим даст кашад, истиқлоли ҷудоихоҳонро эътироф ва бетарафии ин кишварро ба ҳама гуна созмонҳои низомӣ дар Конститутсия дарҷ кунад.

Путин 25 феврал, ҳанӯз дар рӯзи дувуми ҳамлаи Русия ба Украина аз низомиёни он кишвар даъват карда буд, ки табаддулоти низомӣ кунанд ва қудратро дар Киев ба даст гиранд. Ҳукумати қонунии Украинаро он замон "гуруҳи муътодони маводи мухаддир ва миллатгароён" номид.

XS
SM
MD
LG