Ссылки доступа

СММ: аз оғози ҷанг дар Украина 516 сокини осоишта кушта шудааст


Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон хабар додааст, ки аз оғози ҳамлаҳои мусаллаҳонаи Русия ба Украина 516 сокини осоишта ҷон бохта, 908 тани дигар захмӣ шудааст.

Ба огаҳии созмон, дар миёни кушташудаҳо 98 мард, 60 зан, 9 писарбача, 9 духтарча, 23 кудак ва 321 одами калонсоле ҳаст, ки то ҳол ҷинси онҳо муайян карда нашудааст.

Бештари қурбониҳо дар вилоятҳои Луганск ва Донетск ба қайд гирифта шудаанд. Ин афрод дар натиҷаи оташкушоии техникаҳои сангини низомӣ, аз ҷумла тӯпхона, партоби мушак ва ҳамлаҳои ҳавоӣ ҷон додаанд.

Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон бар ин аст, ки шумори воқеии қурбониён метавонад бештар аз ин бошад, зеро аксари вақт оморҳо аз минтақаҳои даргир ботаъхир мерасанд. Маълумоти шаҳрҳои Мариупол, Изюм ва Волновахаи Украина ба ин омор шомил карда нашудаанд.

XS
SM
MD
LG