Ссылки доступа

Узбекистон беш аз 5000 шаҳрвандашро аз Украина баргардондааст


Шумори шаҳрвандони Узбекистон, ки аз 28 феврал то 9 марти соли равон аз Украина тавассути Лаҳистон ба ватан баргардонида шудаанд, ба 5037 нафар расидааст .

Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Узбекистон Юсуф Кабулҷонов хабар дод, ки рӯзҳои 8-9 март 250 узбекистоние, ки аз Украина ба шаҳри Катовитсаи Лаҳистон паноҳ бурда буданд, ба ватан баргардонида шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, рӯзи 9 март як ҳавопаймои дигар низ узбекистониҳоеро, ки аз Украина фирор кардаанд, ба ватан биорад.

Намояндаи вазорат афзуда, ки 23 донишҷӯ аз Узбекистон бо кумаки сафорати ин кишвар дар Украина ва созмонҳои байналмилалии башардӯстона аз шаҳри Сумӣ ба ҷои амн интиқол дода шуданд.

XS
SM
MD
LG