Ссылки доступа

Президенти пешини Қазоқистон барои иштирок дар форуми дипломатӣ ба Анталяи Туркия рафтааст


Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон бо даъвати президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон рӯзи 9 март барои иштирок дар форуми дипломатӣ ба шаҳри Анталияи Туркия рафтааст.

Дар ин бора Айдос Укибой, котиби матбуотии Назарбоев хабар дод.

Дар шаҳри Анталия Туркия рӯзи 10 март мулоқоти вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар назар аст. Ташкили мулоқоти ду вазир ташаббуси президенти Туркия аст, менависанд расонаҳо.

Ин нахустин сафари Назарбоев ба хориҷ аз Қазоқистон баъди ҳаводиси хунуни моҳи январи он кишвар аст.

XS
SM
MD
LG