Ссылки доступа

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тибқи гузоришҳо, субҳи панҷшанбе дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни сарҳадбонони ду кишвар тирандозӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Исфара, дар ин даргирӣ як нафар кушта ва як кас захмӣ шудааст.

Пизишкони бемористони Исфара талафотро тасдиқ карданд, вале мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳодиса аз ҷониби онҳо касе осеб надид.

Манобеъ дар ҳукумати Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса дар марзи Чоркӯҳ ва Бодканд, дар наздикии хоҷагии тухмиварварии рақами 4, рӯй додааст.

Яке аз ҳамсуҳбатони мо аз мақомоти маҳаллӣ бинобар ҳассос будани масъала бе зикри ном гуфт, "ҳодиса ҳангоми иваз шудани қисми навбатдории сарҳадбонони тоҷик рух додааст. Вақте ҳайати нави сарбозон меоянд, аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз луқмапартоӣ мешавад ва беогоҳӣ ба ҷониби мо тир холӣ мекунанд. Дар натиҷа сарбози мо дар ҷойи ҳодиса меафтад ва як деҳқон захм мебардорад."

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ҳодиса пас аз он рух додааст, ки марзбонони тоҷик ба хатти номушаххаси марз рафта, аз сарҳадбонони қирғиз хостаанд, маҳалро тарк кунанд. "Аммо марзбонони қирғиз иҷоза надоданд, ки низомиёни тоҷик нияти худро амалӣ кунанд ва тирпарронӣ оғоз шуд. Тақрибан даҳ дақиқа идома кард," -- омадааст дар изҳорот.

Сокинон мегӯянд, ҳарчанд ҳоло роҳҳо кушода аст, равуои нақлиёт ба самти Хоҷаи Аъло ва Ворух дида намешавад. Сарбозони Қирғизистон ба ҳолати омодабош даромадаанд.

Музокироти намояндагони марзбонии ду кишвар оғоз шудааст.

Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Низои хунбортарин миёни ду ҳамсоя охири моҳи апрели соли 2021 рух дод ва дар давоми се рӯзи низоъҳо даҳҳо нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG