Марде, ки аз вай А.Н. ном бурда мешавад, пештар айби эъломшударо эътироф ва аз сӯи додгоҳ 20 сол зиндонӣ шуда буд. Аммо додситонӣ бо шикоят бурдан ба зинаҳои болоӣ, талаби ҳабси якумрӣ кард. Дар ниҳоят додгоҳи вилоятии Уши он кишвар А.Н.-ро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.
Ба иттилои додситонии кулли Қирғизистон, дар соли 2020 дар мавриди кӯдакони ноболиғ 1101 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аз ин теъдод 150 парванда ба ҷиноятҳои ҷинсӣ марбут аст. Бо гумони хушунати ҷинсӣ нисбати ноболоиғон 57 шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудааст. Аммо маълум нест, аз ин теъдод чанд тан ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд.