Ссылки доступа

Муовини сарвазири Украина кори долонҳои башардӯстонаро натиҷагирӣ кард


Муовини нахуствазири Украина Ирина Верешук кори долонҳои башардӯстонаро дар он кишвар натиҷагирӣ кард.

Ба иттилои ӯ, дар давоми ду рӯз тавонистаанд аз шаҳрҳои Сумӣ, Тростянтс ва Краснополе ба самти Полтава 60 ҳазор одамро берун баранд. Шаҳри Изюми вилояти Харкови Украинаро се ҳазор нафар тарк кардаанд. Ҳамчунин аз шаҳрҳои вилояти Киев ҳудуди 20 ҳазор одам ба ҷойҳои амн интиқол дода шудааст.

Ба ҷуз ин, ба минтақаҳои Энергодар ва Изюми Украина 200 тонна кумаки башардӯстона интиқол ёфтааст. ​

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 10-уми март гуфт, аз оғози ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина беш аз 2 миллиону 300 ҳазор кас аз ин кишвар гуреза шудаанд. Танҳо дар шабонарӯзи охир тақрибан 162 ҳазор кас Украинаро тарк кардаанд. Русия 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамлаи низомӣ кард.

Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон 10-уми март гуфт, онҳо барои мадад ба фирориён дар Украина ва кишварҳои ҳамсоя ба тақрибан 500 миллион доллар ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG