Ссылки доступа

Раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистон ба гирифтани $2 млн аз як кишвари хориҷӣ айбдор мешавад


Раисми пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов ба гирифтани ду миллион доллар аз намояндаи кишвари хориҷӣ дар асоси як қарордоди махфӣ айбдор мешавад.

"Дар рафти тафтишот дар фаъолияти Масимов нишонаҳои фасодкорӣ ошкор карда шуд. Аз ҷумла, ӯ ҳангоми раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон будан бар асоси як қарордоди махфӣ аз намояндаи кишвари хориҷӣ 2 миллион доллар гирифтааст", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ба огаҳии кумита, "ин пулҳо аз Ҳонгконг ба Бонки миллии Қазоқистон баргардонида шудааст".

Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки Масимов ҳангоми сарвазири Қазоқистон будан аз ниҳоди тиҷорие дар пойтахти Қазоқистон хона ва қитъаи заминро ба маблағи наздики 2,5 миллиард танга гирифтааст.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон боздошти Карим Масимовро, ки яке аз ёрони дерини Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар гуфта мешуд, 8 январи соли равон тасдиқ кард.

Дар баёнияи расмӣ омада буд, "рӯзи 6-уми январ тафтишот бар асоси моддаи хиёнат ба давлат шуруъ шуд. Ҳамон рӯз бо гумони содир кардани ин ҷиноят Масимов, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ ва шахсони дигар дастгир карда шуданд."

Масимови 56-сола моҳи сентябри соли 2016 раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таъин шуда буд. Ӯ ҳафт сол дар мансаби сарвазири Қазоқистон ҳам кор кардааст.

XS
SM
MD
LG