Ссылки доступа

Дар Душанбе аз ҳамкорӣ бо Вашингтон гуфтанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар Душанбе аз ҳамкорӣ бо Вашингтон гуфтанд. Амрико ба Тоҷикистон чӣ кумак кардааст? Дар як нишасте дар шаҳри Душанбе дипломатҳои Тоҷикистону Амрико дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар 30 соли гузашта суҳбат карданд. Чӣ гуфтанд ва чӣ ваъда доданд? Дар ин гузориш бубинед. (видео)

- Зулфия Баҳриддинова. Наққошӣ бо нӯги сӯзан ва дар рӯи абрешим. Зулфия Баҳриддинова 91 сол умр дид, аммо аз худ осоре боқӣ гузоштааст, ки шояд садсолаҳо ҳифз шаваду дар хотираи таърих бимонад. Ӯ соли 2003 даргузашт. Фарзон Муҳамадӣ дар ростои 100-солагии ин зани ҳунарманд моро ба сайри сӯзанӣ ё офаридаҳои ӯ мебарад. (видео)

- Қурби расмии як доллар дар Тоҷикистон ба 13 сомонӣ расид. Дар Тоҷикистон қурби расмии пули миллӣ дар баробари як доллари амрикоӣ ба 13 сомонӣ расид. Бонки миллӣ рӯзи 9-уми март қурби сад доллари амрикоиро ҳазору сесад сомонӣ муқаррар кард, ки аз рӯзи гузашта 170 сомонӣ зиёд аст (видео)

- S7 ба Тоҷикистон парвоз намекунад. Бо афзоиши таҳримҳои Ғарб болои Русия, теъдоди парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон кам шудааст. Коҳиши парвозҳо дар шабу рӯзе пеш омад, ки мавсими сафари муҳоҷирон ба Русия оғоз мешавад. Теъдоди парвозҳо ҳадди ақал то 25-30 адад коҳиш ёфтааст. (видео)

- "Мехоҳам, писарамро бинаму ба оғӯш бигирам". Бино ба гузоришҳои расида дар ҷанги Украина дар байни низомиёни рус тоҷиконе ҳам ҳастанд, ки шаҳрвандии Русияро доранд ва торафт сахттар шудани ҷанг волидони онҳоро дар Тоҷикистон нигарон кардааст (видео)

- Зулфия Баҳриддинова. Наққошӣ бо нӯги сӯзан ва дар рӯи абрешим. Зулфия Баҳриддинова 91 сол умр дид, аммо аз худ осоре боқӣ гузоштааст, ки шояд садсолаҳо ҳифз шаваду дар хотираи таърих бимонад. Ӯ соли 2003 даргузашт (видео)

- Момои Райҳона 8-уми март 107-сола шуд. 8-уми март дар Тоҷикистон рӯзи модарро таҷлил мекунанд. Як орзуе, ки маъмулан дар чунин ҷашну идҳо мешунавем, ин дарозумрӣ ё "садсола шавӣ" аст. Қаҳрамони ин достон як зани 107-солаи тоҷик аст (видео)

- Дар Данғара ба истеҳсоли бензин оғоз мекунанд? Мақомот дар Данғара мегӯянд, барои ба кор андохтани яке аз полоишгоҳҳои азими нафт ва истеҳсоли маводи сӯхт бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд ва мумкин аст, дар ояндаи наздик дар дохили Тоҷикистон бензин истеҳсол шавад. (видео)

- Парвандаи модари блогери тоҷик то куҷо расид? Аз боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, як моҳ гузашт. Наздиконаш мегӯянд, дар ин муддат натавонистаанд, бо ӯ мулоқот кунанд. (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки "моро безор кардаанд". Теъдоде аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, бо вуҷуди ҷанг дар Украина амалиёти боздоштҳои бесабаби муҳоҷирон кам нашудааст. Ба қавли онҳо, маъмурони пулис ба санадҳо аҳамият намедиҳанд ва онҳоро дар боздоштгоҳ нигаҳ медоранд. (видео)

- Донишҷӯёни тоҷик аз Украина ба Лаҳистон фирор кардаанд. Чанде аз донишҷӯёни тоҷик дар Украина гуфтанд, ки дар пайи шиддат гирифтани ҷанг дар он кишвар худро савораву пиёда ба Полша ё Лаҳистон расондаанд. (видео)

- Шикоятҳо аз ришваситонӣ дар марз. Масъулини Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, дар соли 2021 танҳо як нафарро бо гумони қаллобӣ боздошт кардаанд, ки аз мусофирон ҳангоми гузаштан аз марз ришва хостааст. (видео)

- Зарбаҳои мушакии Русия ба Украина. (видео)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG