Ссылки доступа

Корвони кӯмакҳои башардӯстонаи Қазоқистон барои Украина ба роҳ баромад (видео)


Рӯзи 11 март аз пойтахти Қазоқистон корвони иборат аз ду мошини боркаш, ки ҳар кадоме 40-тонаи кӯмаки башардӯстона доранд, бо ҳадафи расидан ба Украина ба роҳ баромад.

Интизор меравад, ин корвон бо убур кардани Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркия, Булғористон, Руминия ва Молдова баъди 10 рӯз дар Украина хоҳад шуд.

Сафири Украина дар Қазоқистон Петр Врублевский аз мардуми Қазоқистон барои ин кӯмак сипосгузорӣ кардааст. Ба иттилои сафир, кӯмаки башардӯстона асосан аз маводи ғизоӣ, дору ва анҷомҳои зарурӣ барои кӯдакон иборат аст.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пештар аз ин гуфта буд, ки кишвараш омода аст, ба Украина дору ва дигар кӯмаки башардӯстона расонад.

XS
SM
MD
LG