Ссылки доступа

Интихоби президенти Туркманистон: 97 дарсади сокинон раъй додаанд


Дар Туркманистон, ки рӯзи 12 март интихоботи президентии пеш аз муҳлат баргузор шуд, 97 дарсади сокинони қобили раъй овоз додаанд. Дар ин бора Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии он кишвар иттилоъ дод.

Комисия ҳамзамон хабар дод, ки дар он кишвар бештар аз 3 миллиону 435 ҳазор интихобкунанда сабти ном шуда буд.

Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки интихоботи президентӣ дар он кишвар ба хотири интиқоли қудрат аз Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба писараш Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола ташкил шуд.

Ба ҷуз аз Сардор дар интихоботи ахири президентӣ 8 номзади дигар ширкат мекард. Аммо дар маъракаи интихоботӣ миёни номзадҳо ҳеч баҳсе сурат нагирифт.

Расонаҳо аз қонуншиканиҳои зиёде дар ҷараёни раъйдиҳӣ хабар медиҳанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2006 Туркманистонро идора мекунад. Ҳамакнун бо ба сари қудрат овардани писараш аз президентӣ канор меравад.

XS
SM
MD
LG