Ссылки доступа

Дар Қирғизистон Кумитаи зидди буҳрон ташкил шуд


Дар Қирғизистон Кумитаи зидди буҳронии вокуниши фаврӣ ба мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ташкил шуд.

Аз маркази матбуотии девони вазирони он кишвар рӯзи 12 март хабар доданд, ки ин тасмим бо ҳадафи амалӣ кардани "барномаи миллии рушди Қирғизистон то соли 2026" пазируфта шудааст.

Раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов ҳамзамон раиси ин кумитаи навтаъсис таъйин шудааст. Чанд вазорату кумитаи дигари давлатии Қирғизистон дар ин кумита шомил карда шудаанд.

Пештар аз ин Бонки миллии Қирғизистон ба таври нақдӣ берун бурдани доллари ИМА-ро аз сӯи бонкҳои тиҷорӣ ва ширкатҳои молӣ манъ кард. Ин қарор аз 11 март ба иҷро даромадааст.

Ҳамон рӯз шабакаҳои мағозаҳои бузурге дар шаҳри Бишкек, амсоли "Глобус" ва "Фрунзе" дар фурӯши баъзе аз маҳсулот маҳдудият ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG