Ссылки доступа

Дар Мариуполи Украина беш аз 1500 сокини осоишта кушта шудааст


Вазорати корҳои хориҷии Украина 12-уми март гуфт, нерӯҳои Русия масҷидеро дар Мариупол тирборон карданд, ки дар он беш аз 80 калонсол ва кӯдак, аз ҷумла шаҳрвандони Туркия паноҳ ёфта буданд.

Шаҳрдори Мариупол гуфт, шумори сокинони осоиштаи кушташуда дар 12 рӯзи ҳамла ба 1582 нафар расидааст. Вай гуфт, тирпарронӣ боис шуд, ки кандани гӯрҳои дастҷамъиро бас кунанд ва аз ин рӯ "мурдаҳоро ҳатто дафн намекунанд".

Президенти Украина Владимир Зеленский мегӯяд, пас аз он ки нерӯҳои Украина 31 гурӯҳи тактикии Русияро аз байн бурданд, Маскав сарбозону афсарони нав мефиристад. Ӯ дар муроҷиати видеоӣ рӯзи 12-уми март гуфт, "мо ҳоло ҳам бояд истодагарӣ кунем. Мо ҳоло ҳам бояд мубориза барем." Вай афзуд, ҳудуди 1300 сарбози украинӣ кушта шудаанд ва аз Ғарб даъват кард, ки дар музокироти сулҳ бештар фаъол бошанд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков Иёлоти Муттаҳидаро дар ташдиди танишҳо муттаҳам кард. Вай иддао кард, ки "бо интиқоли силоҳи ғарбӣ ба Украина" вазъ печида шудааст. Кишварҳои ғарбӣ Русияро ба таҷовуз ба хоки Украина гунаҳкор карда, ба зидди он кишвар таҳримҳои сахт ҷорӣ намудаанд.

XS
SM
MD
LG