Бино ба иттилои сомонаи эътилоф, тасмим мазкур бо назардошти хулосаҳои асосӣ дар ҳисоботи "Анҷумани ҳуқуқи инсони Узбекистон" гирифта шудааст. Дар изҳороти анҷуман омадааст, ки "истифодаи пайвастаи меҳнати иҷборӣ дар ҷамъоварии пахтаи Узбекистон дар мавсими соли 2021 мушоҳида нашудааст".
Пештар хабар дода шуд, ки Оҷонси пешбурди содироти назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон барои бекор кардани таҳримҳои "Cotton Campaign" ширкати таблиғотиеро киро кардааст. Ҷониби Узбекистон розӣ шуда буд, ба ширкати амрикоӣ 585 ҳазор доллар диҳад.
Эътилофи байналхалқии ширкатҳои пахтаи Cotton Campaign соли 2010 бо ҳадафи таҳрими Узбекистон таъсис шуда буд. Эътилоф гуфт, дар Узбекистон кӯдакону калонсолон ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мешаванд. Тамғаҳои маъруфи тиҷоратие ба монанди Nike, Zara, GAP, Levi's, H&M, UNIQLO ва ғайраҳо ба ин маърака ҳамроҳ шуда буданд.