Ссылки доступа

Кумитаи амнияти Қирғизистон гуфт, кормандони кадом ниҳодҳо аз дипломи қалбакӣ истифода бурдаанд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон баъзе аз ҷузъиёти тафтиши фаъолияти кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва маъмуриятҳои маҳаллиро расонаӣ кард.

Ба иттилои кумита, ин ниҳод фаъолияти даҳҳо ҳазор корманди ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳо ва маъмуриятҳои маҳаллии Қирғизистонро тафтиш кардааст.

Дар натиҷа зидди 4 вакили порлумон, се вакили маҷлиси шаҳрӣ, 5 вакили маҷлиси ноҳиявӣ, як шаҳрдор, як шаҳрдори собиқ ва як муовини шаҳрдор бо гумони истифодаи дипломи сохта тафтишот оғоз гаштааст.

Ҳамчунин дар миёни гумонбарони истифодаи дипломҳои қалбакӣ додрас, масъули Палатаи ҳисоб, Вазорати умури дохилӣ, Хадамоти марзбонӣ, Хадамоти андоз, Вазорати иқтисод, Вазорати нақлиёт, Вазорати кишоварзӣ, муовини намояндаи ваколатдори президент дар вилоятҳо, дастгоҳи порлумони Қирғизистон низ ҳастанд.

Кумита афзуда, ки фаъолияти кормандони бахши маориф, тандурустӣ, бонкҳо ва маъмуриятҳои маҳаллиро низ тафтиш мекунад.

Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки як омӯзгори мактаби миёна дар вилояти Норини Қазоқистон худкушӣ кардааст. Гуфта мешавад, омӯзгор баъди бозпурсӣ дар додситонии маҳаллӣ бо гумони истифода аз дипломи қалбакӣ ба ҷони худ қасд кардааст.

XS
SM
MD
LG