Ссылки доступа

Тоҷикистону Қирғизистон комиссияи об таъсис доданд


Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоте, ки 12 март дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон"-и Исфара баргузор шуд, барои ҳалли масъалаҳои кишоварзии деҳаҳои наздимарзӣ аз ҳисоби кормандони хоҷагиҳои об ду ҷониб комиссия таъсис додаанд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Бодканди Қирғизистон иттилоъ додааст. Манбаъ афзуда, ки қисми аввали мулоқоти 12 март ба сабабҳои рух додани ҳодисаи ахир дар марзи ду кишвар бахшида шуда, дар қисми дувум чаҳор масъала баррасӣ гаштааст:

- таъсиси комиссияи махсус оид ба обёрӣ таҳти раҳбарии муовинони аввали раисони вилоятҳо;

- чорабиниҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони милитсия ва мақомоти маҳаллӣ оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар деҳаҳои наздисарҳадӣ ва ҳамкорӣ барои пешгирии иғвоангезӣ

- табодули фаврии иттилоъ дар бораи дуздии чорво дар марз ва баррасии баргардонидани онҳо ба соҳибонашон дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ;

- масъалаи манъи истифодаи дрон ё бесарнишинҳо дар марзӣ.

Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон нисфе аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Низои хунбортарин миёни ду ҳамсоя охири моҳи апрели соли 2021 рух дод ва дар давоми се рӯзи низоъҳо даҳҳо нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG