Ссылки доступа

Усулҳои ғайриқонунии бозпурсӣ дар Қазоқистон: ҳашт кушта, 243 парванда, даҳҳо боздоштшуда


Олжас Бектенов, раиси хадамоти зиддифасоди Қазоқистон рӯзи 14 март гуфт, дар боздоштгоҳҳо 8 касе фавтидааст, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ боздошт шуда буданд.

Хадамоти зиддифасод 234 парвандаеро баррасӣ мекунад, ки оид ба шиканҷаи боздоштшудаҳо боз шудааст, хабар дод Бектенов.

"Бисёре аз шикояткунандагон аз кормандони мақомоти қудратӣ шикоят доранд, ки ниқоб доштанд. Ин корро душвортар мекунад. Дар натиҷаи бетартибиҳо бисёре аз дурбинҳои назоратӣ аз кор монда буданд", - гуфт Бектенов.

Дар ҳодисаҳои моҳи январ ва баъди он дар Қазоқистон ҳазорон кас боздошт шуда, садҳо тани дигар бо гумони террориз, бетартибиҳои оммавӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Бисёре аз боздоштшудаҳо гуфтанд, аз сӯи кормандони интизомӣ шиканҷа шудаанд.

XS
SM
MD
LG