Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон ҷияни Назарбоевро ду моҳ ҳабс кард


Кайрат Сотиболдиулӣ, ҷияни президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муҳлати ду моҳ ҳабс шудааст.

"Додгоҳи шаҳри Нурсултон 15 март Кайрат Сотиболдиулиро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард", - омадааст дар иттилоияи додгоҳи пойтахти Қазоқистон бидуни шарҳи ҷузъиёти парванда.

Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон 13 март Кайрат Сотиболдиулиро, ки ба гуфтаи мақомот, мехост, кишварро ба қасди Дубай тарк кунад, дастгир кард. Сотиболдиулии 51-сола дар "сӯистифода аз мақом ва дуздии дороиҳои ширкати мухобиротии "Қазоқтелеком" дар ҳаҷми махсусан калон" айбдор мешавад.

Дар хадамот гуфтанд, ки Кайрат Сотиболдиулӣ "ба халалдор кардани амнияти давлат" низ айбдор мешавад.

Қаблан расонаҳо Кайрат Сотиболдиулиро ягона муассиси ширкати оффшории "Skyline Investment Company S.A." номида буданд. Forbes Kazakhstan дороии Сотиболдиулиро 163 миллион доллар арзёбӣ ва номи онро ба рӯйхати бонуфузтарин соҳибкорони Қазоқистон ворид карда буд.

XS
SM
MD
LG