Ссылки доступа

"Гуруҳи 24" фаъолияташро дар Русия бас кардааст


Созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24" эълон кард, ки ба фаъолияташ дар қаламрави Русия поён бахшид.

Масъулонаш 14-уми март дар баёнияе сабаби тасмимро ба "ҳамкории пинҳонии мақомоти Русия бо Тоҷикистон барои боздошту истирдоди даҳҳо узви созмон" пайванд доданд.

Намояндаи созмон Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, акнун фаъолиятро дар кишварҳои дигари пасошуравӣ ва Аврупо пеш мебаранд.

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 дар Русия таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро сиёсӣ медонанд.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми пайравӣ ва тарафдорӣ аз "Гурӯҳи 24" боздошту зиндонӣ шуданд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

XS
SM
MD
LG