Ссылки доступа

Вакилони дифоъ наметавонанд Марина Овсянниковаро пайдо кунанд


Вакилони дифоъ то ҳол наметавонанд, Марина Овсянникова, муҳаррири Шабакаи аввали Русияро, ки баъди шиорпартоияш алайҳи ҷанг дар Украина дар пахши мустақими барномаи хабарӣ боздошт шуда буд, пайдо кунанд.

Дар ин бора "Медуза" бо истинод ба вакили дифои созмони "Агора" Даниил Берман хабар додааст.

Пештар Бахши русии Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Марина Овсянникова боздошт ва ба идораи пулиси "Останкино" бурда шудааст. Дар бораи сарнавишти Марина Овсянникова феълан маълумоти зиёд дар даст нест. Танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки пайвандони ӯ дар Украина зиндагӣ мекардаанд.

Марина Овсянникова вақте ровии барномаи ахбори Шабакаи аввали Русия дар бораи ҷанги Украина суҳбат мекард, дар даст шиор гирифт ва дар пушти сари ровӣ пайдо шуд. Дар варақе, ки Овсянникова дар даст дошт, навишта шуда буд, ки "Нест бод ҷанг. Ҷангро бас кунед, ба таблиғот бовар накунед, инҷо шуморо фиреб медиҳанд".

Муҳаррири Шабакаи аввали Русия ягона нафаре нест, ки алайҳи ҳамлаи Маскав ба Украина садо баланд мекунад. Аз замони оғози ҳамлаи неруҳои рус дар рӯзи 24-уми феврал, садҳо нафар дар шаҳрҳои Русия муқобили ин ҷанг эътироз карданд.

Мақомоти қудратии рус алайҳи афроди норозӣ аз ҷанг ба тарзи хашин муносибат карда, аксари онҳоро боздошт карданд. Ҳамчунин идораи "Роскомнадзор" дастрасӣ ба бисёр сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро масдуд кард.

Русия 24 феврали имсол аз замин, ҳаво ва баҳр ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ҳамла кард. Украина ҳамларо "таҷовуз"-и ошкор ба истиқлол ва тамомияти арзии худ медонад. Аз замони оғози ҷанг то кунун садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб ба ҳалокат расидаанд. Дар миёни қурбониён занон, кӯдакон ва пиронсолон низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG