Ссылки доступа

Бародар ва домоди Назарбоевро ба биткойнсозии ғайриқонунӣ айбдор мекунанд


Болат Назарбоев
Болат Назарбоев

Оҷонси мониторинги молии Қазоқистон мегӯяд, фаъолияти коргоҳҳои ғайриқонунии биткойнсозиро ошкор кардааст, ки ба Болат Назарбоев, бародари хурдии президенти пешини ин кишвар ва домодаш Кайрат Шарипбоев тааллуқ доранд.

Ба иттилои оҷонс, ба ҳайати муассисони ин коргоҳҳо тоҷирони маъруф ва мансабдорони баландпояи Қазоқистон шомиланд. Ширкатҳое, ки ба Болат Назарбоев ва Александр Клебанов (шавҳари Даря Клебанова, вакили Маҷлиси Қазоқистон) дар вилояти Павлодар ошкор шудаанд.

"55 ширкати биткойнсоз дар рафти бозҷӯӣ бо хоҳиши худ фаъолиятро қатъ карда, дастгоҳҳояшонро канданд. Онҳоро дубора роҳандозӣ карда намешавад. 51 ширкат ғайриқонунӣ фаъолият мекарданд. Онҳо ба нерӯи барқ ғайриқонунӣ пайваст шуда, дар минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ғайриқонунӣ фаъолият, аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ худдорӣ мекарданд. Барқи ҳамаи онҳо хомуш карда шуд", - афзудааст манбаъ.

Дастгоҳҳо барои истихроҷи биткойн аз Куриёи Ҷанубӣ, Туркия, Гурҷистон, Сингапур ва Чин ба Қазоқистон ворид гаштаанд. Баъзе аз онҳоро аз роҳи қочоқ ворид кардаанд. Барои коргоҳе дар шаҳри Алмато аз Чин ба маблағи 2,8 миллиард танга чунин дастгоҳҳо аз роҳи қочоқ оварда шудааст.

Дар робита ба фаъолияти коргоҳҳои биткойнсоз 25 парвандаи ҷиноӣ боз ва ба маблағи беш аз 100 миллиард танга таҷҳизот мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG