Ссылки доступа

Мактаби санъати варзиши Оксана Чусовитина дар Узбекистон таъсис мешавад


Дар Узбекистон Мактаби санъати варзиши Оксана Чусовитина таъсис мешавад. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 14 март қарореро имзо кард.

Ин мактаб бо ҳадафи омода кардани варзишкорони боистеъдод ва таблиғи дастовардҳои варзишкорони узбекистонӣ дар мусобиқаҳои байналхалқӣ таъсис мешавад.

Қарор аст, мактаби мазкур дар соли хониши 2022/2023 дарҳояшро боз ва хонандагонро дар синфҳои 1-11 қабул кунад.

Оксана Чусовитина - ягона варзишкори навъи сабуки варзиш ё гимнаст аст, ки дар 7 бозии тобистонаи олимпӣ ширкат кардааст.

XS
SM
MD
LG