Ссылки доступа

Даҳҳо шаҳрванди Украина ҳамроҳ бо қазоқистониҳо ба Алмато омаданд


Рӯзи 15 март дар фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон ҳавопаймои ширкати Air Astana бо 89 мусофир фуруд омад.

Ин ҳавопаймо аз шаҳри Катовитсеи Лаҳистон баргашта ва 56 шаҳрванди Қазоқистон, 32 шаҳрванди Украина ва як шаҳрванди Лаҳистонро ба Алмато овардааст.

Ҳавопаймое, ки рӯзи 15 март ба Алмато баргашт, охирин қазоқистониҳоеро овард, ки аз Украина ба Лаҳистон паноҳ бурда буданд.

Сафорати Қазоқистон дар Украина мегӯяд, дар маҷмуъ 18 шаҳрванди дигари Қазоқистон дар шаҳри аз сӯи неруҳои Русия муҳосирашуда Мариупол боқӣ мондаанд. Ба далели набуди неруи барқ ва алоқаи мобилӣ робита бо онҳо қатъ шудааст.

Ба иттилои Раёсати комисари олии СММ дар умури гурезаҳо, аз 24 феврал то 15 март ба далели ҳамлаи Русия Украинаро ду миллиону 969 ҳазор кас тарк кардааст.

XS
SM
MD
LG