Ссылки доступа

Марги наворбардори Fox News дар наздикии Киев


Пьер Закржевский 
Пьер Закржевский 

Наворбардор ва хабарнигори телевизиони амрикоии Fox News Пер Закржевский дар тирборони деҳаи Горенкаи наздикии шаҳри Киеви Украина кушта шуд. Вай 55 сол дошт.

Мудири Fox News Сюзанна Скотт гуфт, Закржевский қариб ҳамаи ҷангҳои байналхалқӣ - аз Ироқ то Афғонистону Сурия ва Украинаро инъикос карда буд. Ҳамкорон ӯро "яке аз беҳтаринҳо дар касби худ" медонистанд.

Ҳамроҳ бо Закржевский Бенҷамин Ҳолл - рӯзноманигори дигари Fox News маҷруҳ шуд. Расонаҳои украинӣ ҳамчунин аз марги хабарнигори маҳаллӣ Александра Кувшинова хабар доданд.

Антон Герашенко, мушовири вазири корҳои дохилии Украина гуфт, хабарнигорон зери тирборони неруҳои Русия мондаанд.

Ҳамлаи Русия ба Украина 24 феврал бо фармони президенти Русия Владимир Путин шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG