Ссылки доступа

Тоқаев: чеҳраҳои шинохта мехостанд, дар Қазоқистон табаддулоти давлатӣ кунанд


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 16 март дар паёми худ ба порлумон гуфт, бархе аз харобкорон дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ мехостанд, дар он кишвар табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд.

"Мо навсозии сартосарии давлатро оғоз кардем, ки ба баъзеҳо писанд наомад. Онҳо хостанд, президентро аз сари қудрат дур созанд", - изҳор дошт президенти Қазоқистон.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни онҳое, ки мехостанд, дар Қазоқистон табаддулоти давлатӣ кунанд, чеҳраҳои маъруф низ буданд.

"Мансабдорони баландпоя ба давлат хиёнат карданд. Онҳо нагузоштанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи қонун амал кунанд. Ба ҳукумат дар бораи вазъи шаҳрҳо иттилои нодуруст доданд", - афзуд ӯ, вале аз ҳеч касе мушаххасан ном набурд.

Тоқаев ҳамчунин илова кард, ки бархе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба боздоштшудаҳо дар ҷараёни ҳаводиси моҳи январ аз шеваҳои нодуруст ва шиканҷа кор гирифтаанд. "Ман баробари пайдо шудани нахустин хабарҳо дар ин бора супориш додам, ки чунин ҳолатҳо фавран санҷида шавад", - гуфт вай.

Тоқаев ба гузариш аз як низоми ҳукуматдории "абарпрезидентӣ" ба низоме, ки ба гуфтаи ӯ, “ҷумҳурии президентӣ бо порлумони қавӣ” аст, даъват кард.

XS
SM
MD
LG