Ссылки доступа

ИМА ба Украина $13,6 миллиард кумак мекунад


Президенти ИМА Ҷо Байден қонунеро имзо кард, ки ироаи кумаки башардӯстона, иқтисодӣ ва низомиро ба Украина ба маблағи $13,6 миллиард пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи Байден, Кохи сафед бо ин лоиҳаи қонун мехоҳад ба амрикоиҳо паёми ҷиддӣ диҳад, ки ҷумҳурихоҳон ва демократҳо метавонанд ба ҳам омада, кореро анҷом диҳанд.

Президенти ИМА афзуд, ки ҳамлаи Русия ба Украина ҳамаи мардумро дар Амрико муттаҳид сохт. "Ду ҳизбро дар Конгресс ва ҷаҳони озодихоҳро муттаҳид сохт, то саривақт ва қотеъона амал кунанд", - илова кард ӯ.

Ин маблағҳо барои дастгирии Қувваҳои мусаллаҳи Украина пешбинӣ ва як қисми онҳо барои кумакҳои башардӯстона ба шаҳрвандони он кишвар, бо шумули наздики 1,5 миллион гуреза равона хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG