Ссылки доступа

Қирғизистон номи шаҳрашро дар марз бо Тоҷикистон иваз мекунад


Кумитаи қонунгузории конститутсионии порлумони Қирғизистон 16 март лоиҳаи қонуни тағйири номи шаҳри Исфанаи ин кишварро ба Раззоқов қабул кард.

Сардори Оҷонси хидмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар Қирғизистон Элчибек Ҷантаев гуфт, ҳадафи лоиҳа абадӣ гардонидани хотираи ходими давлатӣ Исҳоқ Раззоқов аст. Ӯ пешниҳод кард, ки лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ шавад ва вакилон низ аз он ҳимоят карданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов охирҳои соли 2021 гуфта буд, ки шаҳри Исфанаи ҳаммарз бо Тоҷикистон ба ифтихори котиби аввали ҳизби коммунисти он кишвар Исҳоқ Раззоқов ба шаҳри Раззоқов табдили ном мешавад.

XS
SM
MD
LG