Пештар Ассамблеи порлумонии Шӯрои Аврупо тавсия дода буд, ки Русия аз Шӯрои Аврупо ихроҷ шавад.
Ба ҷуз ин, шуруъ аз 16 март Русия дигар узви Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон нест. Акнун додгоҳҳои Русия вазифадор нестанд, ки аз содир кардани ҳукми қатл худдорӣ варзаданд.
Шӯрои Аврупо ба далели ҳамлаи Русия ба Украина узвияти Москваро охири моҳи феврал дар ин созмон боз дошта буд. Русия 15 март Шӯроро хабардор кард, ки аз созмон хориҷ мешавад.
Русия соли 1996 узви Шӯрои Аврупо шуда буд ва аввалин кишварест, ки аз ин созмон ихроҷ мешавад.