Ссылки доступа

Пулиси Бишкек таҷаммуъгарони назди сафорати Русияро боздошт кард


Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон 17 март ҳомиёни ҳуқуқ Ондуруш Токтонасиров, Динор Ошурахунов ва Азиз Абдирасуловро, ки дар назди сафорати Русия ба нишони эътироз таҷаммуъ намуда буданд, дастгир кардааст.

Ин хабарро раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Килим шамӣ" Гулшайир Абдирасулова дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Пештар хабар дода шуд, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба хотири ҳимоят аз Украина дар назди намояндагии дипломатии Русия ҷамъ шудаанд.

Пулиси пойтахти Қирғизистон боздошти ҳомиёни ҳуқуқро то ҳол шарҳ надодааст.

Расонаҳо ибтидои ҳафтаи равон хабар доданд, ки додгоҳе дар Бишкек 14 март баргузории ҳамоишҳои эътирозиро дар ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон манъ кардааст. Бинобар ин, бар асоси ин қарор, баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ то 11 апрели соли равон дар назди бинои порлумон, ҳукумат, сафорати Русия ва майдони марказии Ала-Тоо манъ мебошад.

XS
SM
MD
LG