"Ҷумҳурии Узбекистон истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетскро эътироф намекунем", - изҳор дошт Комилов.
Ба гуфтаи вай, Узбекистон бар асоси консепсияи сиёсати хориҷии худ ба ҳеч созмон ё эътилофи низомӣ нахоҳад пайваст.
Комилов афзуд, таҳримҳое, ки Ғарб баъди низои Украина зидди Русия эълом кард, ба иқтисоди Узбекистон таъсири бевосита доранд ва вазифаи Тошканд пешгирӣ аз таъсирҳои манфии ин таҳримҳо аст.