Ссылки доступа

Беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ихроҷ кардаанд


Зиёда аз 50 шаҳрванди Тоҷикистонро бо гуноҳи нақзи қоидаи иқомат аз Қазоқистон рондаанд. Мақомоти Қазоқистон рӯзи 4-уми марти имсол гуфтанд, ки санадҳои муҳоҷиронро тафтиш мекунанд.

Бахтиёр, яке аз муҳоҷирон, бо фиристодани навор аз додгоҳи шаҳри Алмато гуфт, дар умум дар ин шаҳр зиёда аз 80 муҳоҷир дастгир шуданд. Ӯ иддао дорад, ки санадҳояшон дуруст буд, вале додгоҳ қарори ихроҷашонро содир кард.

“Маро барои панҷ сол аз Қазоқистон ихроҷ карданд. Дар се рӯз қарори ихроҷи зиёда аз 50 шаҳрванди мо баромад,” -- гуфт ӯ.

Ҷамшед, муҳоҷири дигари тоҷик дар Алмато, тасдиқ кард, ки санадҳояш мушкил дошт, аз ин рӯ, ҳеч эътирозе ба қарори додгоҳ накард: “Муҳлати сабти иқоматам гузашта буд. Гуфта будам, ҳафтаи дигар аз паяш мешавем, ки дар рейд боздошт карданд. Ҳеч даъво накардам, чун бефоида буд.”

Шакарбек Норматов, раиси ҷомеаи тоҷикон дар Қазоқистон, рӯзи 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз боздошти муҳоҷирон хабар дорад. Ба гуфтаи ӯ, бо бад шудани вазъи кор дар Русия эҳтимоли бештар омадани муҳоҷирон аз ин кишвар ба Қазоқистон вуҷуд дорад.

“Аз пеш эълон карда буданд, ки тафтиш мекунанд. Мутаассифона, баъзе аз муҳоҷирон дар ҳуҷҷатгузорӣ бепарвоӣ мекунанд. То ҷое медонам, онҳое, ки санадҳояшон мушкил дошт, ихроҷ ё ҷарима шудаанд,” – афзуд ӯ.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба ин мавзуъ посух надоданд.

Мақомоти Қазоқистон эълон кардаанд, ки соли гузашта беш аз 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба ин кишвар рафтаанд. Зиёда аз ду ҳазор нафар давоми соли гузашта барои нақзи қоидаҳои будубош хориҷ шудаанд.

Қазоқистон баъди Русия яке аз кишварҳоест, ки муҳоҷрони тоҷик он ҷо барои кору зиндагӣ мераванд.

XS
SM
MD
LG