Ба гуфтаи вай, таъхир дар муҳокима ба хотири он эълом шуд, ки айбдоршавандаҳо бо парванда комилан шинос набуданд. Се ҳомии ҳуқуқ - Динора Ошурахунова, Азиза Абдирасулова ва Ондуруша Токтоносирова - дар "нофармонии мақомоти ҳомии ҳуқуқ" ва "майдаавбошӣ" айбдор мешаванд.
"Пулиси ноҳияи Якуми май моро бо парвандаҳо шинос накард. Вақте мо ба додгоҳ омадем, дидем, ки нисбати ҳар кадоми мо дупарвандаӣ таъсис додаанд. Мо бояд бо онҳо шинос мешудем. Хуб, ки мо онҳоро хондем, онҷо ҳарфҳои беасос бисёр аст", - гуфт Абдирасулова.
Ин се ҳомии ҳуқуқ рӯзи 17 март назди бинои сафорати Русия дар Қирғизистон ба намоиши эътирозии ҷанг дар Украина баромаданд. Пулис онҳоро боздошт ва ба идора бурданд. Баъдтар аз идораи пулис ба додгоҳ бурда шуда ва ба хонаҳояшон рухсат ёфтанд.
Мақомоти шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз 11 март то 11 апрели соли ҷорӣ баргузор кардани ҳама гуна намоишу эътирозро дар назди сафорати Русия дар шаҳри Бишкек манъ кардаанд.