Ҳаракати қатораҳо дар масири "Нукус – Бейнеу (Қазоқистон) – Нукус" роҳандозӣ хоҳад шуд. Қатораҳо аз самти Узбекистон ба Қазоқистон ҳафтае се бор - сешанбе, ҷумъа ва якшанбе ҳаракат хоҳанд кард.
"Равуо тавассути роҳи оҳан бо кишварҳои дигар дар асоси тавофуқи дуҷониба ба роҳ монда мешавад", - афзудааст ширкат.
Узбекистон ҳаракати қатораҳои мусофирбарро бо кишварҳои хориҷ моҳи марти соли 2020 ба иллати пандемияи коронавирус қатъ карда буд.