Ссылки доступа

Қарори додгоҳи ҳарбии Қазоқистон нисбат ба рӯзноманигор Татяна Ковалева бекор шуд


Додгоҳи олии Қазоқистон қарори додгоҳи низомии ин кишварро нисбат ба рӯзноманигор Татяна Ковалеваро бо талаби ҳазфи матлаб бекор кардааст.

"Ҳодисаи нодир. Додгоҳи олӣ қарори додгоҳи ҳарбӣ нисбат ба рӯзноманигори сомонаи Sotreport.kz Татяна Ковалеваро, ки аз болои он шикоят бурда буд, бекор кард", - навиштааст раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Адил соз" Тамара Калеева дар Фейсбук 18 март.

Ковалева, ки намояндаи Лигаи рӯзноманигорони додгоҳии Қазоқистон мебошад, мурофиаҳо дар робита ба парвандаи дуздии пулҳо ҳангоми иҷрои фармоишҳои дифоии давлатӣ дар соли 2018-ро барои Горди миллии он кишвар бозтоб мекард. У ҷамъан дар ин бора даҳҳо матлаб ба нашр расондааст.

Коллегияи додгоҳӣ ба ду тои ин матлабҳо таваҷҷуҳ кардааст, ки ба Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рабт доштанд. Додрасҳои Додгоҳи ҳарбии Қазоқистон маълумоти дар матлабҳо омадаро беасос номида, талаб карда буданд, ки онҳо ҳазф карда шаванд.

XS
SM
MD
LG