Ссылки доступа

Вазир: Қазоқистон қонуни "агентҳои хориҷӣ"-ро қабул карданӣ нест


Вазири иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон Аскар Умаров 18 март дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ҳукумати он кишвар қонунеро, ки имкон медиҳад, баъзе аз расонаҳо бар асоси он, "агенти хориҷӣ" эълом шаванд, қабул карданӣ нест.

Пештар президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар паёми навбатияш гуфт, бояд ба қонун дар бораи расонаҳои он кишвар бо назардошти "манфиатҳои давлат ва ҷомеа" тағйирот ворид кард.

Ба гуфтаи Тоқаев, расонаҳо метавонанд мушкилоти доғ ва нозуки ҷомеаро баррасӣ намоянд, вале онро бояд "бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ анҷом диҳанд".

Рӯзноманигорони Қазоқистон рӯзи ҷумъа аз вазири иттилоот пурсиданд, ки оё Нурсултон низ қонуни "агентҳои хориҷӣ"-ро қабул мекунад.

"Ба назари ман, ин шеваи мо нест. Фикр мекунам, рӯзноманигорони мо таҳти таъқиб қарор намегиранд. Роҳи мо рушди пурсамари расонаҳои мост, ки бояд боз ҳам рақобатпазиртар бошанд", - изҳор дошт вай.

XS
SM
MD
LG