Ссылки доступа

Интернет баъди чор моҳ ба Бадахшон баргашт, вале бо суръати сусту як "шарт"


Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъд аз чаҳор моҳ ба интернет дастрасӣ пайдо карданд. Чанд нафар аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвоз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 21-уми март интернет фаъол шуд, вале бо "суръати суст".

Дар бораи барқарор кардани хатти интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мақомот рӯзи 18-уми март хабар доданд. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати Бадахшон гуфт, "агар аз тарафи ягон кас туҳмат, гапҳои беасос нисбати ҳукумат ё роҳбарияти вилоят, ё кормандони мақомот инъикос мегардад, агар беасос бошад албатта чораҷӯӣ карда мешавад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад."

Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди тазоҳуроту нооромиҳои моҳи ноябри соли гузашта аз дастрасӣ ба интернет маҳрум буданд. Ин вазъ дар пайи кушта шудани сокини Роштқалъа, Гулбиддин Зиёбеков, ба миён омад.

Интернет дар ҳудуди ВМКБ баъд аз норозигиҳои зиёди сокинон ва ҳам нигаронии созмонҳои байнулмилалӣ дастрас шуд.

Мишел Бачелет, Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал қатъи интернет барои сокинони вилоятро “нақзи ошкори ҳуқуқи инсон” номид.

Сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 16-уми март аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки дастрасии пурраи мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба интернет таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG