Ссылки доступа

"Сарпаноҳ барои маблағҳо". Русҳои аз низоми Путин фироркарда, боиси гаронӣ дар Узбекистон шудаанд


Садҳо ҳазор русиягӣ ба далели ҷанг дар Украина ва буҳрони иқтисодие, ки ба далели ҷанг ба миён омадааст, ватани худро тарк мекунанд. Бисёре аз онҳо ба Узбекистон меоянд.

Муҳоҷирони меҳнатии узбекистонӣ, ки дар Русия бекор мондаанд, низ ба ватани худ бармегарданд.

Омадани русиягиҳо ба Узбекистон ва талаботи онҳо ба манзил қимати манзилҳои иҷораро дар шаҳри Тошканд якбора боло бурдааст.

Оҷонсҳои миёнарав барои киро кардани манзили иҷора мегӯянд, дар шаҳри Тошканд арзиши иҷора ба ҳисоби миёна дар ҳафтаҳои охир 15 дарсад боло рафтааст.

"Ибтидои моҳи феврал манзили иҷора дар ноҳияҳои арзонтарини шаҳри Тошканд 270 доллар арзиш дошт, ҳоло ба 300 доллар расидааст. Дар ноҳияҳои гаронтари Тошканд пештар манзили иҷора ба ҳисоби миёна наздики 500 доллар пешниҳод мешуд, ҳоло ба 1000 доллар расидааст", - гуфт Лидия Назарова, масъули як оҷонси миёнарав дар киро кардани манзил.

XS
SM
MD
LG