Ссылки доступа

Боркашонҳои қирғизистонӣ аз иҷборан фаровардани маҳсулот дар марзи Русия бо Қазоқистон хабар медиҳанд


Кормандони гумрики Русия ронандагони мошинҳои боркаши қирғизистониро маҷбур мекунанд, ки бори мошинашонро дар Русия холӣ кунанд.

Дар сурати иҷро накардани ин амр ба онҳо иҷозаи убури марзи Русия дода намешавад. Дар ин бора ронандагони мошинҳои боркаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

"Ҳамаро маҷбур мекунанд, ки борро холӣ кунем. Ба мо интихоби дигар намедиҳанд - ё борро холӣ мекунӣ, ё бармегардӣ. Борро холӣ мекунем ва нозир омада ҳамаи онро ба навор мегирад", - нақл мекунанд ронандагон.

Сафорати Қирғизистон дар Русия холӣ кардани бори мошинҳои боркаши қирғизистониҳоро тасдиқ кард.

Қирғизистон шомили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст, ки ин созмон гардиши озодонаи молро дар ҳудуди иттиҳод кафолат медиҳад. Дар амал Русия нисбати шариконаш дар доираи иттиҳод чораҳо маҳдудкунанда меандешад.

XS
SM
MD
LG