Ссылки доступа

Кремл дубора гуфт, Узбекистон "вазъ атрофи Украинаро дарк мекунад"


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои русаш Владимир Путин рӯзи 21 март гуфтугӯи телефонӣ кардааст.

Аз хадамоти матбуотии президенти Узбекистон гуфтанд, ду президент атрофи "рӯйдодҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, аз ҷумла вазъ атрофи Украина" табодули назар карданд.

Хадамоти матбуотии Кремл иттилоъ дод, ки ин гуфтугӯ бо ташаббуси ҷониби Узбекистон сурат гирифтааст. "Владимир Путин аз ҷараёни амалиёти махсуси ҳарбӣ барои ҳифзи ҷумҳурии Донбасс иттилоъ дод. Президенти Узбекистон бо дарки мавқеъ ва рафтори ҷониби Русия изҳори назар кард", - омадааст дар хабари Кремл.

Рӯзи 25 феврал низ ду президент тариқи телефон гуфтугӯ карда буданд. Он замон низ Кремл хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев "бо дарки амалҳои ҷониби Русия изҳори назар кардааст". Дар хабару гузоришҳои ҷониби Узбекистон ин нукта зикр нашудааст.

Шерзод Асадов, сухангӯи президенти Узбекистон дертар гуфт, ки дар масъалаи амалиёти низомии Русия дар Украина "Узбекистон мавқеи бетарафӣ дорад".

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 17 март гуфт, кишвараш бар ин назар аст, ки амалиёти ҷангӣ дар Украина бояд фавран қатъ ва низоъ бо роҳҳои дипломативу сиёсӣ ҳал карда шавад. "Узбекистон истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва ягонагии арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетскро эътироф намекунем", - гуфта буд Комилов.

Ҳамлаи низомии Русия ба Украина бо фармони Владимир Путин рӯзи 24 феврал шуруъ шуд. Путин аз мақомоти Украина даст кашидан аз шомилшавӣ ба НАТО, эътирофи Қрим ҳамчун ҷузъи Русия ва эътирофи Донбассу Луганск ба ҳайси кишварҳои мустақил, инчунин даст кашидан аз "миллатгароӣ" ва "артишсозӣ"-ро талаб дорад.

XS
SM
MD
LG