Мақомоти додситонии Қазоқистон хабар доданд, ки бо моддаи "Муносибати хунукназарона ба масъулиятҳо" парванда боз шудааст.
Ҷустуҷӯи як коргари неругоҳ, ки баъди чаппа шудани манора нопадид шуда буд, қатъ гардид. Як зани 38-сола, ки дар неругоҳ кор мекард, эҳтимол меравад, зери манора шудааст.
"Эҳтимол, омилҳои гуногун боиси чаппа шудани манора гардидааст. Мо ҳатман ҳамаи ин сабабҳоро ошкор мекунем", - гуфт Александр Клебанов, роҳбари "Ширкати неруи барқи Осиёи Марказӣ". Неругоҳи Петропавловск аз сӯи "Ширкати неруи барқи Осиёи Марказӣ" назорат мешавад.
Манорае, ки чаппа шуд, соли 1961 сохта шуда буд.