Ссылки доступа

Додгоҳ дархости телевизиони қирғизистонии Next TV-ро қонеъ накард


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 22 дархости вакили мудофеи телевизиони Next TV-ро баррасӣ ва онро рад кард.

Додгоҳ ба кормандони Next TV иҷоза надод, ки вориди коргоҳи худ шаванд. Дари телевизиони Next TV қариб 3 ҳафта аст, ки баста аст. Муассиси ин телевизион, сиёсатмадор Равшан Ҷеенбеков ин қарори додгоҳро ҳамчун фишор баҳо дод.

"Бастани телевизион ҳамчун фишор ба озодии баён дар Қирғизистон ва демократия баҳо дода мешавад", - гуфт Ҷеенбеков.

Додситонӣ аз додгоҳ хостааст, як гузориши баҳсии Next TV-ро ҳамчун маводи тундгароёна эътироф кунад.

Пештар расонаҳ хабар доданд, ки рӯзноманигорони шабакаи Next TV дар Қирғизистон дар Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар бозпурсӣ шудаанд.

Рӯзи 3 март КДАМ Қирғизистон нисбати Next TV бо моддаи ангехтани бадбинии миллӣ парванда боз кард.

Ба иттилои тафтишот, телевизион "хабари бардурӯғ паҳн мекунад, ки гӯё байни Қирғизистон ва Русия дар бораи кӯмаки низомӣ расонидан дар амалиёти низомӣ дар Украина созиш ҳосил шудааст. Телевизион аз қавли роҳбари пешини хадамоти махсуси Қазоқистон ин хабарро нашр кардааст".

Дар робита ба ин парванда мудири телевизион Таалай Дуйшембиев боздошт шудааст. Додгоҳ ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Равшан Ҷеенбеков, муассиси телевизион ин парвандаро беасос медонад. Ба гуфтаи вай, телевизион хабари мазкурро бо такя ба манбаъ нашр кардааст.

Пештар аз ин Юрий Поита, як корбари Фейсбук бо такя ба роҳбари пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Алнур Мусоев навишт, ки "Тоҷикистону Қирғизистон зери фишори Русия розӣ шуданд, ки кӯмаки низомӣ расонанд". Рӯзи 3 март вазири мудофиаи Қирғизистон ин хабарро рад кард.

XS
SM
MD
LG