Ссылки доступа

Корбари Tiktok, ки акси техникаи низомии Украинаро нашр кард, боздош шуд


Хадамоти амнияти Украина як корбари шабакаи иҷтимоии тиктокро боздошт кард. Ин корбар дар интернет навори ҷойгиршавии техникаи низомӣ дар Киевро нашр кард.

Мақомоти Украина мегӯянд, низомиҳои Русия барои зарбаи мушакӣ задан ба маркази тиҷоратӣ, ки неруҳои украинӣ онҷо ҷойгир буданд, аз навори корбари тикток истифода кардаанд.

Шаби 20 март дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ба ноҳияи Подолски шаҳри Киев чанд қабати маркази тиҷоратии "Ретровилл" ва мошинҳои канори марказ оташ гирифтанд.

Дар натиҷаи ин ҳамла ҳашт одам кушта шуд.

"Оё ин корбар наворро барқасдона нашр кардааст ё на, тафтишот муайян мекунад. Хоҳиш аз ҳамаи шаҳрвандон: дар бораи ҳаракати техникаи низомӣ, иншооти низомӣ ва натиҷаи зарбаҳои душман иттилоъ нашр накунед! Бадкорон метавонанд, онро барои зарбаҳои баъдӣ истифода кунанд", - омадааст дар хабари Хадамоти амнияти Украина.

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, ки дар натиҷаи зарба ба маркази тиҷорӣ дар Киев анбори аслиҳа ва низоми мушакии марбут ба неруҳои украинӣ маҳв карда шудааст.

XS
SM
MD
LG